ҶАМЪОМАДИ ИДОНА ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз кормандони соҳаи тандурустии ҶТ иди касбии худ-рӯзи кормандони тиб ва 1030 солагии зодрӯзи асосгузори тибби ҷаҳон, донишманд, табиб ва олими ҳамадон Бӯалӣ ибни Синоро таҷлил намуданд. Субҳи имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷамъомади идона баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти шаҳри Хуҷанд хабар доданд, раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов дар ҷамъомад баромад намуда ҳамаи кормандони соҳаи тибро бо иди касбиашон табрик гуфта, бо Ифтихорномаи фахрӣ ва Раҳматномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонид. Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии ҶТ пиромуни соҳаи тиб, хизматрасонии тиббӣ дар мувофиқа бо талаботи давру замон таъкид шудааст. Дар се соли наздик (2009-2011) дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сохтмон ва азнавтармимкунии қариб 400 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла муассисаҳои тиббию санитарии ёрии аввалин ба нақша гирифта шудааст. Сохтмон ва азнавтармимкунии муассисаҳои тиббии зикргардида аз ҳисоби буҷети давлатӣ, маҳаллӣ ва маблағҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ сохта шуда, сохтмони ин иншоот барои беҳтар гардонидани зиндагии мардум ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ равона шудааст.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






