АЗ СӮХТОР ЭҲТИЁТ ШАВЕД
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова).- Ҳафтаи сипаригашта дар миқёси ҷумҳурӣ 34 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи онҳо ба хоҷагии халқ 104 ҳазору 316 сомонӣ зарар расид. Масоҳати умумии онҳо 1 ҳазору 62 метри мураббаъ буд. Чун ҳарвақта сабаби ҳодисаҳои нохуш ин оташбозии кӯдакон, муносибати беэҳтиётона бо оташ, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ ва газӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта дар вилояти Суғд-12, Хатлон-6, Душанбе-4, Ҳисор-4, ВМКБ-2, Ваҳдат-2, Роғун-1, Рӯдакӣ-1, Варзоб-1 ва Файзобод-1 сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Шаби 18 августи соли равон дар манзили истиқоматкунандаи кӯчаи Ӯш -2-и ноҳияи Мурғоби ВМКБ Расул Жамиқулови 32 сола дар натиҷаи расиши кӯтоҳи симҳои барқ сӯхтор ба амал омад ва ба соҳиби хона ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонд. Масоҳати сӯхтор 90 метри мураббаъ буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






