БАҲОИ МУСБАТ БА ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ СММ

Август 7, 2010 10:52

Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар, Фарангис Рахимова»).- Шӯрои амнияти СММ чанд рӯз пеш фаъолияти Маркази минтақавии СММ-ро дар Осиёи Марказӣ дар бобати ривоҷ додани дипломатия пешгирикунанда мавриди муҳокима қарор дод. Роҳбари маркази мазкур Мирослав Йенча дар ҳузури аъзои Шӯрои амният сухан кард. Аъзои Шӯро аз сатҳи ҳамкории Марказ бо давлатҳои минтақа ва созмонҳои дигари байналхалқӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати афзун гардонидани кӯмакро ба Маркази минтақавии СММ таъкид карданд. Шӯрои амният ба фаъолияти марказ  дар бобати расонидани кӯмак ба давлатҳои минтақа дар ҳалли проблемаҳои замони ҳозира баҳои мусбат дод. Қайд карда шуд, ки Маркази минтақавии СММ, хусусан дар бобати бартараф сохтани оқибати бетартибиҳои оммавӣ дар қисмати ҷанубии Қирғизистон кӯмаки калон ва судбахш расонд. Намонядаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки мақомоти Қирғизистон воқеаҳои аввали моҳи июн дар қисмати ҷанубии мамлакат рухдодаро мустақилона тафтиш мекунад. Онҳо тайёранд, ки созмонҳои байналхалқӣ дар ин бобат ба онҳо кӯмак расонад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Маркази минтақавии СММ дар Осиёи Марказӣ  моҳи декабри соли 2007 кушода шуда буд. Қароргоҳи марказии он дар Ашқобод ҷой дода шудааст.  Дар маросими ифтитоҳи марказ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони баландпояи бештар аз 50 мамлакат иштирок доштанд.

Август 7, 2010 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад