БАРҚИЯИ ШОДБОШИ Э. РАҲМОН БА Р. ОТУНБОЕВА
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева барқияи шодбош фиристод. Дар барқия аз ҷумла гуфта мешавад: «Мӯҳтарам Роза Исҳоқовна, Шумо ва халқи бо мо дӯсти қирғизро ба муносибати Иди Истиқлолияти Ҷумуҳурии Қирғизистон самимона табрик намуда, ба Шумо ва халқи мамлакататон сулҳу оромӣ, рӯзгори фараҳмандона ва шукуфоӣ орзу менамоям. Мо аз фазои имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстона ва рушди муттасили ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Қирғизистон изҳори қаноатмандӣ менамоем, ки ҷавобгӯи манфиатҳои куллии халқҳои ҳарду кишвар ва тамоми минтақа мебошанд. Хурсандиовар аст, ки Қирғизистон вазъи бӯҳронии муваққатии дохилиро муттасил ва оқилона бартараф намуда, роҳу воситаҳои таъмини созгории миллиро бо ҷидду ҷаҳд ҷустуҷӯ мекунад. Мо ба Шумо дар ин роҳ муваффақиятҳои бештар орзу намуда, тайёрем, ки дар мавриди зарурат то ҳадди имкон кӯмак расонем, зеро ин хоси муносибатҳои бародаронаи мамлакатҳои ҳамсоя мебошад. Аз фурсати мусоид истифода бурда, ба Шумо, Роза Исҳоқовнаи мӯҳтарам, саломатии комил, барори кор ва ба халқи бародари қирғиз сулҳу осоиш, созгории миллӣ ва шукуфоӣ орзу менамоям». Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти иттилоотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Тарҷумон Кудратов А.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






