БАРРАСИИ ТАТБИҚИ АФЗАЛИЯТҲОИ МИЛЛИИ РУШД

Август 31, 2010 09:55

Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 30 августи соли равон дар шаҳри Душанбе мулоқоти кормандони масъули бахшҳои сиёсати сармоягузорӣ ва мониторинги барномаҳои миллии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коршиносон ва намояндагони Лоиҳаи «Дастгирии ҳамоҳангсозии самараноки миллии кӯмаки беруна ва пешбурди сармоягузориҳо»-и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар мулоқот масъалаҳои татбиқи афзалиятҳои миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои Стратегияи миллии рушд ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин, ҷонибҳо таъмини самараноки ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо изҳор дошт, ки афзалиятҳои миллии рушди Тоҷикистон дар ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар чун Стратегияи миллии рушд ва стретегияҳои миёнамӯҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ муайян гардидаанд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина ислоҳоти иқтисодиро татбиқ менамояд. Аз ин рӯ, такмили заминаи ҳуқуқӣ ва беҳдошти фазои сармоягузорӣ ҷиҳати тақвияти ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ зарур дониста шуд.

Август 31, 2010 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад