БУНЁДИ БОЗ ЯК МАРКАЗИ НАВИ САВДО

Август 12, 2010 14:43

Тоҷикобод, 12 август. (АМИТ « Ховар», М. Ризвонов).- Ба наздикӣ дар ноҳияи  Тоҷикобод аз тарафи  соҳибкор, сокини ҷамоати  деҳоти «Шогадоев» Дилшод  Неъматуллоев  бинои нави сеошёнаи  замонавии  маркази савдои  «Неъматулло» сохта ба истифода дода шуд.   Биноро сохтмончиёни ҷамоати маҳал  ба маблағи 38 ҳазор  доллари амрикоӣ сохта ба истифода доданд. Дар ошёнаи якуми  бино нуқтаҳои фурӯши  молҳои ниёзи мардум  ва хӯрокворӣ,дар  ошёнаи  дуюм молҳои рӯзгор ва дар ошёнаи  сеюм  чойхонаи  миллӣ ҷойгир шудаанд. Ташкили  маркази мазкур  имкон дод, ки  15 нафар ҷавонони деҳот  бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.

Август 12, 2010 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад