БУНЁДИ БОЗ ЯК МАРКАЗИ НАВИ САВДО
Тоҷикобод, 12 август. (АМИТ « Ховар», М. Ризвонов).- Ба наздикӣ дар ноҳияи Тоҷикобод аз тарафи соҳибкор, сокини ҷамоати деҳоти «Шогадоев» Дилшод Неъматуллоев бинои нави сеошёнаи замонавии маркази савдои «Неъматулло» сохта ба истифода дода шуд. Биноро сохтмончиёни ҷамоати маҳал ба маблағи 38 ҳазор доллари амрикоӣ сохта ба истифода доданд. Дар ошёнаи якуми бино нуқтаҳои фурӯши молҳои ниёзи мардум ва хӯрокворӣ,дар ошёнаи дуюм молҳои рӯзгор ва дар ошёнаи сеюм чойхонаи миллӣ ҷойгир шудаанд. Ташкили маркази мазкур имкон дод, ки 15 нафар ҷавонони деҳот бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






