«ЧАКОМАИ ГЕСӮ» ДАР ҲИСОР

Август 17, 2010 11:46

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ноҳияи Ҳисор чун дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар  даври аввали Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гашта истодааст. Тибқи иттилои мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор Нуралӣ Мирзоалиев,  Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» дар се давр дар мактабҳою муассисаҳо, хоҷагиҳо,  ҷамоатҳо ва дар маркази ноҳия гузаронида шуда, беҳтарин падидаю чеҳраҳо ба даври минтақавии озмун, ки дар шаҳри Турсунзода барпо мегардад,  интихоб мешаванд. Мавриди зикр аст, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати фарҳанги кишвар ташкил ва гузаронида шуда, ҳадафаш эҳёи суннатҳои миллии ороиш ва бофтани мӯй, тарғиби зебопарастӣ, хусусан баланд бардоштани завқи эстетикӣ дар байни ҷавонондухтарону  бонувон, тараннуми шеъру шоирӣ, хусусан таронаю бадеҳаҳо  дар бахши зебопарастӣ, оро додани мӯй  ва таҳкими дӯстиву бародарӣ ва ваҳдат дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Август 17, 2010 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад