ДАСТОВАРДҲОИ ВАРЗОБИҲО БОҒРО ПУРШУКӮҲ ГАРДОНД
Душанбе, 30 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 29 август саҳни Боғи ботаникии пойтахт шукӯҳи хоса дошт. Дар ин ҷо ба ифтихори 19-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши дастовардҳои соҳаҳои гуногуни сокинони ноҳияи Варзоб баргузор гардид, ки инъикосгари пешрафту шукуфоии як пораи Тоҷикистон буд. Хусусан, ба меҳмонону сокинони пойтахт барномаи консертии омоданамудаи ҳунармандони хонаи фарҳанги ноҳия, ки аз таронаву мусиқии дилнишини мардумӣ ва сурудҳои ба васфи ватан-модар, дӯстиву рафоқат ва ҳамрайъию ваҳдат бахшидашуда мураттаб гардида буд, инчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ писанд омад. Ҳамзамон, меҳнаткашони ноҳияи Варзоб бо мақсади ғанӣ гардонидани дастархони сокинону меҳмонони пойтахт намоиш ва фурӯши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва нонию қаннодиро ташкил намуданд. Мавриди зикр аст, ки ташкили чунин намоишҳо ва барномаҳои консертӣ дар Боғи ботаникии пойтахт ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Он аз дастовардҳои беназири мардумони навоҳии гуногуни кишвар ва эҳёи суннатҳои миллӣ шаҳодат медиҳад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






