ДАСТОВАРДҲОИ ВАРЗОБИҲО БОҒРО ПУРШУКӮҲ ГАРДОНД

Август 30, 2010 14:46

Душанбе, 30 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 29 август саҳни Боғи ботаникии пойтахт шукӯҳи хоса дошт. Дар ин ҷо  ба  ифтихори 19-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши дастовардҳои соҳаҳои гуногуни сокинони ноҳияи Варзоб баргузор гардид, ки инъикосгари пешрафту шукуфоии як пораи Тоҷикистон буд. Хусусан, ба меҳмонону сокинони пойтахт барномаи консертии омоданамудаи ҳунармандони  хонаи фарҳанги ноҳия, ки аз таронаву мусиқии дилнишини мардумӣ ва сурудҳои ба  васфи ватан-модар, дӯстиву рафоқат ва ҳамрайъию ваҳдат бахшидашуда мураттаб гардида буд, инчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ писанд омад. Ҳамзамон, меҳнаткашони ноҳияи Варзоб бо мақсади ғанӣ гардонидани  дастархони сокинону меҳмонони пойтахт намоиш ва фурӯши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва нонию қаннодиро ташкил намуданд. Мавриди зикр аст, ки ташкили чунин намоишҳо  ва барномаҳои консертӣ дар Боғи ботаникии пойтахт ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Он аз дастовардҳои беназири мардумони  навоҳии гуногуни кишвар ва эҳёи суннатҳои миллӣ шаҳодат  медиҳад.            

Август 30, 2010 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад