ДОМОДЕДОВО ДУЗДИИ АМВОЛИ БАҒОҶИ МУСОФИРОНИ ТОҶИКРО НА РАД КАРД, НА ТАСДИҚ

Август 30, 2010 16:56

Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).-   Пас аз пахши иттилои расмӣ аз ҷониби фурӯдгоҳи Душанбе 26.08.2010,  нисбат ба дуздии амволи дохили бағоҷи мусофирони хатсайри Москва-Душанбе, сухангӯи фурӯдгоҳи Домодедово Вероника Кузнетсова иттилоъро пахш кард ва дар он гуфта мешавад, ки барои беосеб расонидани бор ва бағоҷи мусофирон ширкати интиқолдиҳанда ҷавобгӯ аст, на фурӯдгоҳ. Ба қавли Кузнетсова то ҳол ба дасти кормандони фурӯдгоҳи Домодедово аз Ширкатҳои интиқолдиҳандаи «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва ё аз мусофирони ҳамин хатсайрҳо шикоят нарасидааст. Кузнетсова иброз доштааст, ки мусофирон бояд бағоҷҳои худро пеш аз супоридан нархгузорӣ карда, амволи дихили бағоҷро декларатсия намоянд, яъне ба қавли ў ин корро ягон нафар аз мусофирон накардааст. Аммо, ба гуфти аксари мусофирони хатсайр тоҷикон дар фурудгоҳи Домодедово ҳуқўқи сухан гуфтан надорад ва аз ҷониби милисаи фурудгоҳ мавриди таҳқир ва кофтуков қарор мегиранд.  Куҷо монад ба он, ки тоҷик маблағи доштаи худро ошкоро декларатсия намояд. Фурӯдгоҳи Домодедово ба хотири нигоҳ доштани обрўи худ агарчи далелҳои овардаи моро тасдиқ накардааст, аммо рад ҳам накардааст. Лекин аз тавзеҳоти овардаи хонандагони сомонаҳои интернетӣ маълум мегардад, ки дуздӣ дар фурудгоҳи Домодедово дар аксари хатсайрҳо мавҷуд аст. Ҳатто на танҳо дар дохил балки дар истгоҳи мошинҳо. Агентии иттилоотии «Риа Новости» хабар додааст, чанде пештар ду корманди фурудгоҳи Домодедово бо ҷурми даст доштан дар дуздии маблағҳои ниҳоят калони ширкатҳои хориҷӣ дастгир шуданд. Дуздон бо моддаи 158 КҶ  ФР қисми 3 (Дуздии маблағҳои ниҳоят калон) гунаҳгор дониста мешаванд ва нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст. Дуздон 37 телефони мобилӣ, 1,2 ҳазор платаҳои электронии хотираи оперативии компютерҳои шахсиро, ки маблағи умумиашон наздики миллион рублро ташкил медод, рабуда буданд. Ин далели он аст, ки дар фурӯдгоҳи Домодедово дуздии амволи мусофирон ба ҳукми анъана даромадааст. Агентии хабарнигории NEVSru.com менависад:- «Ахиран фурудгоҳи Домодедово, ки оғози сол яке аз фурудгоҳҳои беҳтарини аврупои шарқӣ ба шумор мерафт, мубталои нохушиҳо шудааст. Оғози моҳи август ронандагоне, ки мошинҳои худро дар истгоҳи назди фурудгоҳ монда буданд, мошинҳои худро бе чарх дарёфтанд, Мусофирони дигар арз кардаанд, ки 18 август вақти гузаштани назорати сарҳадӣ ба мушкилӣ гирифтор шуданд, кондитсионерҳо кор намекарданд ва оби нушокӣ набуд». Ин ҳафта директори  фурудгоҳи Домодедово Вячеслав Некрасов оид ба мушкилиҳои нақлиётӣ ба вазири нақлиёти Руссия Игорь Левитин муроҷиат кард. Комсомолская правда-и (KP.RU) дар ҷавоб ба гуфтаҳои Кузнетсова навиштааст: -Муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар ФР то андозае бе ҳуқуқ аст, ки ҳатто ҷабри ба сараш омадаро куҷое ифшо намекунад. -«Кадом муҳоҷири меҳнатии тоҷик метавонад ба ҷое арз кунад, ҳатто чунин фикр ба хаёлаш ҳам намеояд» ва идома медиҳад:- Роман Бумин як роҳбалади ҳавопаймо гуфтааст, ки экипаж парвои бор ва бағоҷ надорад, вазифаи  мо мустаҳкам кардани дарҳои бордони ҳавопаймо аст, то мушкиле ҳини парвоз пеш наояд. Имрўзҳо сомонаҳои интернетии гуногунро таҳқиқ намуда, мехонем, ки на танҳо мусофирони тоҷикистониро дар Домодедово ғорат мекардаанд. Дар тавзеҳоти KP.RU мусофир Нюша навиштааст: -Дар Домодедово дуздии бағоҷи мусофирон ба ҳукми анъана даромадааст, чанд маротибае, ки ба кишварҳои аврупоӣ парвоз кардам, ҷомадонамро кофташуда ва чизҳоямро дуздида дарёфтам. Аз ҷумла мусофир Стив гуфтааст: -Магар фақат аз тоҷикон медузданд? Дар тамоми фурудгоҳҳо дуздӣ ҳаст, ҳам дар хатсайрҳои дохилӣ ва ҳам дар хатсайрҳои беруна. Ҳатто имрўзҳо бинобар зиёд шудани дуздӣ дар фурудгоҳҳо ширкатҳои суғуртакунанда суғурта кардани бағоҷи мусофиронро рад мекунанд, ба тоҷикон маслиҳат ҳамин, ки пул мисли ҳуҷат аст, бояд  дар киса ҳамроҳатон бошад, гуфтааст Стив. Сомонаи интернетии «Озодӣ Радио» мавзўъро пайгирӣ карда, ҷавоби ҷониби Домодедоворо ба тафсил овардааст ва дар охир бо ҷабрдидаи рейси 628 аз таърихи 20.08.2010 Мадвалӣ Сикандаров аз ноҳияи Фархор, ки 600 доллари амрикоиашро рабуда буданд, ҳамсуҳбат шуда, дар охири суҳбат гуфтааст, ки гӯё Мадвалӣ аз баҳри 600 доллараш гузашта бошад, аммо дар сўҳбати телефонӣ ба Котиби матбуотии фурудгоҳи Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев, Мадвалӣ иброз дошт, ки ҳеҷ гоҳ аз баҳри пулҳояш намегузарад. Сикандаров гуфт нӯҳ нафар фарзанд дорам ва ҳама умедам ба ҳамон 600 доллари доштаам буд, акнун намедонам чӣ тавр рўз гузаронам, аз ин хотир ба куҷое, ки бошад арз мекунам. Ҳамин тариқ, санҷишҳои гузаронидаи ҷониби фурудгоҳи Душанбе дар аз таърихи 16 то 24 августи соли ҷорӣ, ки бо худ далелҳои раднашаванда (фото, видео) дорад, метавонад масъулини фурӯдгоҳи Домодедоворо маҷбур созад нисбат ба мусофирони тоҷик дигар ҷабру зулм ва ғоратгариро раво набинанд. Ин ҳам дар ҳоле амалӣ мегардад, ки ибтидо ҳар шаҳрванди тоҷикистонӣ ҳуқуқҳои худро дифоъ карда тавонад, масъулини сафорати Тоҷикистон дар Россия аз ҳоли муҳоҷирони меҳнатии худ бархурдор бошанд ва намояндагони ширкатҳои интиқолдиҳанда тавонанд, ҳуқуқҳои мусофиронро дар фурудгоҳи Домодедово аз фишори кормандони милитсия ҳимоя намуда, арзу шикояти мусофиронро ба эътибор гиранд.  

Август 30, 2010 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад