ДУ ХОНАИ НАВ БАРОИ ЗАРАРДИДАГОНИ КӮЛОБ

Август 26, 2010 15:02

Рашт, 26 август. (АМИТ «Ховар» М. Ризвонов).- Дар баробари  дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ мақомоти  иҷроияи   маҳаллии ҳокимияти  давлатии ноҳияи  Рашт низ ӯҳдадор шудаанд, ки  барои  зарардидагони офати табиии  шаҳри Кӯлоб   ду хонаи истиқоматии  панҷҳуҷрадор созанд. Айни  замон сохтмони  ин хонаҳо  бо суръат  ҷараён дорад. Тавре дар сӯҳбат  бо мо масъули  ташкилоти сохтмонии ҶДММ «Сомон-7»-и  ноҳияи Рашт Минҳоҷиддин Лутфуллоев изҳор дошт,  манзилҳои нави  истиқоматӣ баъди  бунёд гардидан бо  тамоми  лавозимоти  рӯзгор  пурра ҷиҳозонида  шуда,  дар охири моҳи  сентябри соли равон    ба истифода дода мешаванд.  

Август 26, 2010 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад