ДУ РОҲБАЛАДИ ҚАТОРАИ ДУШАНБЕ-МОСКВА ДАСТГИР ШУДАНД
Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 5 августи соли ҷорӣ кормандони гумруки истгоҳи Роҳи оҳани Душанбе ҳангоми азназаргузаронии қатораи №319-и самти Душанбе- Москва аз пинҳонгоҳи зери шифти оташдони ҳуҷра-вагони №8 як адад бастаи селофании хокаи сафеди ба героин монандро дарёфт ва мусодира намуданд. Ташхиси лабораторӣ муайян намуд, ки маводи дарёфтшуда навъи героин буда, вазни умумии он 980,5 граммро ташкил медиҳад. Аз тарафи кормандони гумрук оид ба ин далел ду нафар роҳбаладони қатора ҳамчун гумонбар боздошт гардиданд. Ба хотири халалдор накардани рафти тафтиш муваққатан ному насаби онҳо номбар карда намешавад. Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






