Э. РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТИ ҒАЙРИРАСМИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СААД ИШТИРОК НАМУД
20 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Ҷумҳурии Арманистон – шаҳри Ереван дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ намуд. Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ — Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Русия ва Қазоқистону Қирғизистон ҷамъ омаданд. Дар мулоқот асосан масоили амнияти минтақавӣ, пеш аз ҳама авзои Қирғизистон, расондани кўмакҳои техникӣ ба сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар ва дарёфти механизми пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш баррасӣ шуд. Зимни муҳокимарониҳо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: «Рўйдодҳои кунунии минтақавӣ моро ба он водор мекунанд, ки як механизми вокуниши мувофиқашудаи сиёсии зиддибўҳронӣ ташкил намоем ва ин механизм бояд ба рушди имконоти дипломатия пешгирикунанда мусоидат намояд». Сарони давлатҳо ба қарор омаданд, ки барои таъҷилан вокуниш нишон додан ба ҳолатҳои бўҳронии сиёсӣ ба санадҳои оинномавии СААД тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. Тибқи мувофиқаи бадастомада лоиҳаи чунин тағйиру иловаҳо бояд омода гашта, то моҳи декабри соли равон ба баррасии ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои созмон, ки ҳамон вақт дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор хоҳад шуд, пешниҳод карда шавад. Дар мулоқот ҳамчунин авзои кунунии Афғонистон ва мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ баррасӣ шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






