ФУРӮШИ ДОРУҲОИ ПУРТАЪСИР МАНЪ КАРДА ШУД
Маскав, 13 август. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Бо қарори Ҳукумати Федератсияи Русия доруҳои пуртаъсири мефедрон ва метилон ба рӯйхати доруҳои нашъадор дохил карда шуданд. Ин чунин маъно дорад, ки минбаъд истеҳсол, нигоҳ доштан, фурӯхтан, паҳн кардан ва содироту воридоти доруҳои мазкур дар қаламрави Русия манъ карда мешавад. Мувофиқи қонунҳои амалкунандаи мамлакат, шахсоне, ки доруҳои мазкурро ғайриқонунӣ истеҳсол карда, харида ё мефурӯшанд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд. 0,2 грами доруҳои мазкур ҳаҷми калон ва 2,5 грами онҳо ҳаҷми махсусан калон шуморида мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки доруи мефедрон аз соли 2008 сар карда, барои табобати баъзе бемориҳои асаб истифода бурда мешуд. Корхонаҳои истеҳсолкунандаи он дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Кения воқеъ мебошанд. Доруи метилонро олимони кимиёгари амрикоӣ Пейтон Ҷейкоб ва Александ Шулгин соли 1996 ихтироъ карда буданд. Доруи мазкур барои таскини дарди сар ва асаб истифода бурда мешуд. Имрӯз фурӯши доруҳои мазкур дар бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла Дания, Финляндия, Эстония, Исроил, Норвегия, Шветсия, Англия, Белорусия ва Руминия манъ карда шудааст.