ГЕРОИН ДАР ДОНАКИ ЗАРДОЛУ
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова).- Аз шӯъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки кормандони гумруки фурӯдгоҳи пойтахт боз як ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро ошкор ва дастгир намуданд. 17 августи соли ҷорӣ кормандони гумруки фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри 627 самти Душанбе-Москва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳрангез Хоҷаеваро дастгир карданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтааш дар бастаи селофанӣ донакҳои меваи зардолуро, ки дар асл ин донакҳо аз маводи ба героин монанд тайёр шуда буданд, дарёфт ва мусодира намуданд. Мутобиқи хулосаи коршиносон маводи нашъаовари дарёфткардашуда навъи героин буда, вазни холиси он 1 килограмму 735 граммро ташкил дод. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтиш давом дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






