ГЕРОИН ДАР ДОНАКИ ЗАРДОЛУ

Август 18, 2010 14:01

Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова).- Аз шӯъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки кормандони гумруки фурӯдгоҳи пойтахт боз як ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро ошкор ва дастгир намуданд.  17 августи соли ҷорӣ кормандони гумруки фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри 627 самти Душанбе-Москва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳрангез Хоҷаеваро дастгир карданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтааш дар бастаи селофанӣ донакҳои меваи зардолуро, ки дар асл ин донакҳо аз маводи ба героин монанд тайёр шуда буданд, дарёфт ва мусодира намуданд. Мутобиқи хулосаи коршиносон маводи нашъаовари дарёфткардашуда навъи героин буда, вазни холиси он 1 килограмму 735 граммро ташкил дод.  Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтиш давом дорад.    

Август 18, 2010 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад