ГУФТУШУНИДИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ДМИТРИЙ МЕДВЕДЕВ
Маскав, 18 август (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). -Имрӯз, 18 август мулоқоти чоргонаи Президенти Русия Дмитрий Медведев бо Президентҳои ҶТ-Эмомалӣ Раҳмон, Афғонистон-Ҳомид Карзай ва Покистон-Осиф Алӣ Зардорӣ баргузор мегардад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кремл дар доираи саммит ҳамчунин мулоқоти дуҷонибаи сардори давлати Русия бо президентҳои Афғонистон ва Покистон доир мешавад. Дар доираи сафари кории сардори Давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Русия, ки аз 18 то 20 августи соли ҷорӣ идома меёбад, дар назар аст, ки гуфтушуниди ӯ бо Президенти Русия Дмитрий Медведев баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки дар ин мулоқот масоили амнияти минтақа, ҳамкориҳои иқтисодӣ, мубориза бо тундгароӣ ва маводди мухаддир баррасӣ хоҳад шуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






