ГУНАҲГОРОН МАҲБАСӢ ГАРДИДАНД

Август 20, 2010 14:18

Ҳамадонӣ, 20 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Суди   ноҳияи  Мир  Сайид  Алии  Ҳамадонӣ    нисбат ба  Қиличов Қурбоналӣ  Кенҷаевич,   истиқоматкунандаи деҳаи Ҳаёти нави   ҷамоати  деҳоти  Чӯбек парвандаи   ҷиноятӣ  кушод.  Шодиҷон  Назаров  раиси  суди  ноҳия   иброз  дошт, ки  номбурда   моҳи  декабри  соли  2009   бо  маслиҳати  пешакӣ   бо  шаҳрванди  Давлати  Исломии  Афғонистон  бо  номи  «Юсуфи Ланг», ки  шахсияташ  дар  тафтишот  номуайян  аст, дар  ду  халта ба  миқдори  7076 грамм маводи  нашъаоварро    ғайриқонунӣ   гирифта, дар дараи  Обгузари   кӯҳи  назди  деҳаи  Гулбоғ нигоҳ  медорад. Баъдан  бо  маслиҳати  пешакӣ бо  ҷиянаш  Қиличов  Диловар   ин  маводи  нашъаоварро   аз  ҷойи  пинҳонкарда   гирифта,  ба  Маъруф  ном  шахс  мефурӯшад.  Қиличов  Қ. К  бо  моддаи  200, қисми  3, бандҳои  «в» ва «г» Кодекси  Ҷиноятии   ҶТ   гунаҳгор  дониста шуда, ба   мӯҳлати  10  сол  бо  мусодираи  молу  амвол   ва  бо  нигоҳ  доштан дар муассисаи   ислоҳотии  дорои  низоми   пурзӯр  ба  маҳкама  кашида  шуд.       

Август 20, 2010 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад