ГУСТАРИШИ МУНОСИБОТИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, рушди тиҷорати аграрӣ, дастгирии барномаҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ 18 август, зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев бо Сафири нави фавқулодда ва мухтори ҶМЧ дар ҶТ Фан Сянжун мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ф. Ҳамралиев изҳор дошт, ки барои тамоми сол истифода бурдани роҳи автомобилгарди Қулма-Қаросу чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Зеро ин роҳ барои густариши муносибатҳои тиҷоратӣ мусоидат мекунад. Дар баробари ин, барои ҷалби сармоягузорони мустақими чинӣ дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаҳои мухталиф шароити мусоид фароҳам оварда шудаанд, ки аз ин метавонанд соҳибкорони чинӣ бевосита ва самаранок истифода кунанд. Фан Сянжун дар навбати худ тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни собиқ кишварҳои Шӯравӣ дар масъалаи азхудкунии маблағҳои қарзи имтиёзноки ҷониби Чин пешсаф аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон манфиатдор мебошад. Мавриди ёдоварист, ки тайи солҳои 2004- 2010 гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Чин босуръат густариш ёфта, 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






