ХАЙРХОҲРО ГУСЕЛ КАРДАНД

Август 5, 2010 10:11

Душанбе, 5 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Фаъолияти дипломатии сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сайидмуҳаммад Хайрхоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид. Ба ин муносибат дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади гусели дипломати афғон баргузор шуд, ки дар он намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, сафирони кишварҳои дӯст, аҳли илму фарҳанги  кишвар ҳузур доштанд. Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст доир  ба дӯстиву бародарӣ ва тавсеаи сиёсати ҳусни ҳамҷавории кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон сухан карда, нақши Сайидмуҳаммад Хайрхоҳро дар таҳкими муносибатҳои се кишвари ҳамзабон муҳим арзёбӣ кард. Бояд зикр кард, ки сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сайидмуҳаммад Хайрхоҳ зимни фаъолияти беш аз 4 солаи дипломатии худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  тавонист дар партави иродаи сиёсии Сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай дар тақвияти муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ нақши боризе гузорад. Хусусан, сохтмони пули дорои аҳамияти стратегӣ,  дар болои дарёи Панҷ, баргузории намоишгоҳҳои иқтисодию тиҷоратӣ, анҷумани бозаргонони ҳар ду кишвар дар Душанбе шаҳодатест аз фаъолияти самарабахши дипломатии Сайидмуҳаммад Хайрхоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Август 5, 2010 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад