ХАТИ НАВИ ОБ ДАР ШӮРООБОД

Август 17, 2010 16:22

Шӯрообод, 17 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). —  Дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон ва арафаи ҷашни 19-умин солгарди истиқлолияти давлатии кишвар шодию нишоти сокинони деҳи Қозии ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯроободро ҳадду канор набуд, зеро дар натиҷаи ҷахду талошҳои пайвастаи мақомоти маҳаллӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои гуногунсамти Барномаи ҷонибдории инкишофи  иҷтимоии манотиқи кӯҳистон ба ин деҳаи дурдаст  аз масофаи 3 км  хати оби нушокӣ оварда шуд. Тӯли солиёни дароз мардуми ин деҳа аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд ва амалӣ шудани    лоиҳаи мазкур  ин мушкили сокинони деҳаро бартараф сохт. Дар сохтмони иншооти ҷадиди обтаъминкунӣ беш аз 17 ҳазору 871 сомонӣ маблағ масраф гардидааст, ки 12 ҳазор сомонии  ин маблағҳо бо дастгирии  Иттиҳоди Аврупо, 5 ҳазору 871 сомонии он саҳми мақомоти маҳаллӣ ва сокинони деҳа    мебошад. Акнун аз ин иншоот ба 20   нуқтаи алоҳида  оби нӯшокӣ кашида шудааст, ки аз онҳо сокинони деҳ бе душворӣ истифода мебаранд.     

Август 17, 2010 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад