ХИСОРОТИ СЕЛ ДАР БАДАХШОН
Бадахшон, 11 август. ( АМИТ « Ховар», Л Додо).- Боридани боронҳои пай дар пайи рӯзҳои охир ба хоҷагии халқи ВМКБ хисороти зиёд ворид намуд. Тибқи маълумоти Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии вилоят аз рӯзҳои 23-юми моҳи июл инҷониб бар асари баланд шудани ҳарорати ҳаво дар аксарияти ноҳияҳо сатҳи оби дарёҳо баланд шуда аз маҷро баромад. Дар натиҷа қисми зиёди заминҳои корам ва наздиҳавлигиро шуста, пулҳоро чаппагардону роҳҳоро валангор намуд. Дар мавзеи ҳамроҳшавии дарёи Бартанг ба дарёи Панҷи нохияи Рӯшон 100 гектар, дар ҷамоати Зонги ноҳияи Ишкошим 68 гектар, дар деҳаҳои Барсему Миёншаҳр 12 гектар, дар Сохчарви ноҳияи Шуғнон ва ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ 10 гектар замин зери об монд. Дар ноҳияи Мурғоб 4 хонаи истиқоматӣ ва 1 хайма зери об монда, ҳамчунин сел 40 хонаи истиқоматӣ, бозори марказии ноҳия, бинои «Агроинвестбонк» ва роҳи мошингарди маркази ноҳияро хароб намуд. Сатҳи дарёи Оқсу баланд гардида, агрегатҳои НОБ ғарқи лойқа шуд, ки бар асари он як муддат интиқоли нерӯи барқ қатъ гардид. Пулҳои пиёдагарди деҳаҳои Ғозӣ, Миёншаҳр ва Патхӯри ҷамоати Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон, деҳаи Виринҷавни водии Бартанги ноҳияи Рӯшон қисман хароб гардида, пули мошингарди деҳаи Модиёни ноҳияи Мурғоб пурра хароб гардид. Дар деҳаҳои Деҳ, Шидз, Вамд, Дарбанд, Себчашмаи ноҳияи Рӯшон роҳ зери об монда, ҳаракати нақлиёт байни шаҳри Душанбею Хорӯғ як муддати муайян қатъ гардид. Тибқи маълумоти сардори Раёсати хоҷагии оби вилоят Баҳодур Сулаймонов бар асари гарм шудани ҳаво ва баланд гардидани сатҳи оби дарёҳо дар мавзеъҳои Лангар 310 метр, Яхшивол 105 метр, Сумчини ноҳияи Ишкошим 94 метр садди муҳофизаткунанда нобуд гардид. Дар ноҳияи Рӯшон дар масофаи 106 ва дар мавзеи Теми шаҳри Хоруғ 315 метр садди муҳофизаткунанда вайрон шуд. Дар Дашти селексионии ҳамин ноҳия иншооти обтақсимкуниро шуста, канали 425 метраи деҳаи Врангро сел аз сангу лой пур кард. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дигари марбута барои бартараф созтани оқибатҳои офатхои табиӣ чорахои мушаххас меандешанд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






