ХУДКУШИИ МАҶБУРӢ
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова).- Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ 25 август ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ муайян карданд, ки Одинаев Фаридун Бадриддинович соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Гулистон, қишлоқи Майсазор, омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №1, аз моҳи ноябри соли 2006 бо шаҳрванд Шаҳноза Толибоваи 20 сола оила барпо намуда, зиндагӣ мекардааст. Дар давоми зиндагӣ Ф. Одинаев ҳамсарашро мунтазам лату кӯб намуда, азобу машаққат медодааст, ки дар натиҷа 30 июли соли 2010 Толибова Ш. дар манзили истиқоматиаш барои худро аз ҳаёт маҳрум сохтан маҳлули сиркоро истеъмол намуда, дар натиҷа заҳролуд шуда, ҳангоми ба беморхонаи №3 шаҳри Душанбе бурдан вафот кардааст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ Одинаев Фаридунро дастгир намуданд. Нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд ва тафтиши он давом дорад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






