«ИЛТИҶО ДОРАМ, КИ МӮЯТРО МАБУР»

Август 23, 2010 11:41

Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Бахшида ба 20- солагии  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар тамоми минтақаҳои мамлакат  даври дуюми  Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» бо муваффақият идома дорад. Мақсади асосии баргузории фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» намоиш, ороиш ва  парвариши мӯй,  ҳунари волои  машшотаҳо ва ба ин  васила дар   доираи  расму оинҳои  миллӣ тарғибу  ташвиқи маросимҳои  анъанавии саршӯёну  арӯсбаророн,  мӯйбофону  зулфандозӣ,  ҷамолакбандию   кокулбофӣ буда,  дар он кулли  сокинони шаҳру  навоҳии кишвар  иштирок мекунанд. Яке аз ҳадафҳои  муҳимтарини Фестивал  дар сатҳи баланд  нигоҳ доштани    сарулибоси миллӣ,  сифати  тоза  бахшидан ба истеҳсоли  навъҳои  гуногуни  матоъҳои миллӣ, аз  қабили атласу  шоҳӣ,  чакану алоча,   сатину чит  ва ғайра мебошад. Ба Фестивали мазкур  аҳли фарҳанги  ноҳияҳои тобеи  марказ тайёрии  ҳамаҷониба  дидаанд. Чорабинии мазкур аллакай дар  ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав  ва Варзоб баргузор гардид.

Август 23, 2010 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд