ИСТЕҲСОЛИ ТУХМИ МУРҒ БА 75 000 000 ДОНА МЕРАСАД

Август 26, 2010 14:13

Файзобод, 26 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).- Соҳаи паррандапарварӣ  яке аз соҳаҳои   сердаромад  мебошад. Тавре  аз гуфтаи муовини  аввали   директори Ҷамъияти саҳҳомии  кушодаи  «Мурғи ҳилол»-и  ноҳияи Файзобод  оид ба иқтисод Исмоил Ғуломов  ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  бармеояд,   имрӯзҳо  корхонаи «Мурғи ҳилол»  бо иқтидори пурра  фаъолият карда истодааст. 31 мурғхонаи  корхона бо ғунҷоиши  зарурӣ кор   карда, дар муддати  7 моҳ истеҳсоли  тухмро ба 41 миллиону 438 ҳазор дона  расониданд, ки  аз он  40 миллиону 887  ҳазор дона  тухм  ба харидорон пешкаш  гардид. Тухми корхонаи «Мурғи ҳилол» -и ноҳияи Файзобод  аз ҷиҳати  экологӣ  тозатарин ва  аз рӯи ғизонокӣ  фоидабахштарин   маҳсуб шуда, харидори зиёд дорад. Исмоил Ғуломов афзуд, ки  айни замон  дар  ҶСК «Мурғи ҳилол» саршумори мурғҳо  ба 673 ҳазору  247  адад расидааст, ки  405 ҳазору  397 адади  он мурғҳои  тухмдеҳ мебошанд. Бо назардошти фоидаи  268 ҳазор сар  мурғҳои аз дигар   корхона  воридшуда,  истеҳсоли тухм  то охири сол  ба 75 000 000 дона  мерасад. Инчунин,  давоми 7 моҳи соли  ҷорӣ истеҳсоли  гӯшти мурғ  ба 240 тонна  расидааст.       

Август 26, 2010 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад