КАМШАВИИ ҲОДИСОТИ СӮХТОР
Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Тайи 6-7 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 418 сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Зарари моддии ин сӯхторҳо 2 миллиону 41 ҳазору 20 сомониро ташкил медиҳад. Зимни хомӯш кардани сӯхтор 62 нафар одам ва миқдори зиёди маҳсулоти қиматбаҳо ба маблағи 24 миллион сомонӣ, ки 44,9 % нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли гузашта зиёд аст, наҷот ва ҳифз карда шуд. Тайи ин муддат 277 сӯхтор дар хонаҳои истиқоматӣ ба амал омад, ки бар асари он 7 нафар, ки 4 тои онро кӯдакон ташкил медод, ба ҳалокат расиданд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди сӯхтор 14,6 % ва шумораи ҳалокшудагон бошад 63,2% кам шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






