КАМШАВИИ ҲОДИСОТИ СӮХТОР

Август 12, 2010 09:22

Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Тайи 6-7 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 418 сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Зарари моддии ин сӯхторҳо 2 миллиону 41 ҳазору 20 сомониро ташкил медиҳад. Зимни хомӯш кардани сӯхтор 62 нафар одам ва миқдори зиёди маҳсулоти қиматбаҳо ба маблағи 24 миллион сомонӣ, ки 44,9 % нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли гузашта зиёд аст, наҷот ва ҳифз карда шуд. Тайи ин муддат 277 сӯхтор дар хонаҳои истиқоматӣ ба амал омад, ки бар асари он 7 нафар, ки 4 тои онро кӯдакон ташкил медод, ба ҳалокат расиданд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди сӯхтор 14,6 % ва шумораи ҳалокшудагон бошад 63,2% кам шудааст.    Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Август 12, 2010 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!