КАРЗАЙ ДОНИШМАНДРО САФИР ТАЪИН КАРД

Август 27, 2010 14:28

Душанбе, 27 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай  Доктор Абдулғафури Орзу сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» масъули бахши фарҳангу матбуоти Сафорати Афғонистон дар Душанбе Шамсулҳақи Ориёнфар  иттилоъ дод. Доктор Абдулғафури Орзу 49 сол дошта, моҳи марти соли 1961 дар қисми шимолу ғарби Афғонистон- шаҳри Ҳирот ба дунё омадааст. Мавсуф дастпарвари  риштаи адабиёти дарии Донишгоҳи тарбияти мударриси Теҳрон  буда, ҳамчун раиси идорӣ дар вилояти Ҳирот ифои вазифа намудааст. Инчунин, Абдулғафури Орзу ба ҳайси  муовини Сафири Афғонистон дар Эрон ва мушовири Вазири корҳои хориҷии Афғонистон фаъолият кардааст. Доктор Абдулғафури Орзу ба ҳайси мударрис дар Донишгоҳи Ҳирот ва «Машъал»-и Кобул ба донишҷӯён дарс додааст. Ӯро дар Афғонистон ҳамчун донишманд, муҳаққиқ ва шоиру нависанда эътироф менамоянд. Мавсуф муаллифи 24 китоб буда, ашъори нотакрори ӯ бо забони форсӣ чоп шудааст. «Нақди Халилӣ», «Гузидаи ашъори абёти Бедил», «Бӯсиқои Бедил», «Хӯшаҳо аз ҷаҳонбинии Бедил», «Сиёҳи сафед андарун», «Чигунагии ҳуввияти  миллии Афғонистон», «Даранге дар адабиёти Фаранг», «Нигоҳе ба тафсири мафотеҳ –ул ғайб», «Инсони комил аз нигоҳи Бедил ва Ҳофиз», «Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ» (маҷмӯаи мақолаҳои  ҳамоиши Рӯдакӣ дар Афғонистон), «Ишқ аст хулосаи  вуҷудам», «Агар Фарҳод шуд Ширин бимонад», «Ҷоритар аз ҳамеша», «Чашм дар чашми оина»,  «Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ» ашъори  насрию назмиии Орзуро ташкил медиҳанд. Доктор Абдулғафури Орзу панҷумин Сафири  Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Раиси ҷумҳури ин кишвар таъин шудааст. Қаблан Муҳандис  Абдураҳим, Сайидиброҳими Ҳикмат,  Муҳаммад Довуди Панҷшерӣ ва Сайидмуҳаммад Хайрхоҳ ба ҳайси сафирони Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудаанд.  Бояд зикр кард, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дипломатии ду кишвари  ҳамсоя  -Тоҷикистону Афғонистон беш аз пеш густариш ёфта, ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ  моҳи майи соли 1990 дар Душанбе консулгарии Афғонистон  ифтитоҳ гардида буд.

Август 27, 2010 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад