КАРЗАЙ ДОНИШМАНДРО САФИР ТАЪИН КАРД
Душанбе, 27 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай Доктор Абдулғафури Орзу сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» масъули бахши фарҳангу матбуоти Сафорати Афғонистон дар Душанбе Шамсулҳақи Ориёнфар иттилоъ дод. Доктор Абдулғафури Орзу 49 сол дошта, моҳи марти соли 1961 дар қисми шимолу ғарби Афғонистон- шаҳри Ҳирот ба дунё омадааст. Мавсуф дастпарвари риштаи адабиёти дарии Донишгоҳи тарбияти мударриси Теҳрон буда, ҳамчун раиси идорӣ дар вилояти Ҳирот ифои вазифа намудааст. Инчунин, Абдулғафури Орзу ба ҳайси муовини Сафири Афғонистон дар Эрон ва мушовири Вазири корҳои хориҷии Афғонистон фаъолият кардааст. Доктор Абдулғафури Орзу ба ҳайси мударрис дар Донишгоҳи Ҳирот ва «Машъал»-и Кобул ба донишҷӯён дарс додааст. Ӯро дар Афғонистон ҳамчун донишманд, муҳаққиқ ва шоиру нависанда эътироф менамоянд. Мавсуф муаллифи 24 китоб буда, ашъори нотакрори ӯ бо забони форсӣ чоп шудааст. «Нақди Халилӣ», «Гузидаи ашъори абёти Бедил», «Бӯсиқои Бедил», «Хӯшаҳо аз ҷаҳонбинии Бедил», «Сиёҳи сафед андарун», «Чигунагии ҳуввияти миллии Афғонистон», «Даранге дар адабиёти Фаранг», «Нигоҳе ба тафсири мафотеҳ –ул ғайб», «Инсони комил аз нигоҳи Бедил ва Ҳофиз», «Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ» (маҷмӯаи мақолаҳои ҳамоиши Рӯдакӣ дар Афғонистон), «Ишқ аст хулосаи вуҷудам», «Агар Фарҳод шуд Ширин бимонад», «Ҷоритар аз ҳамеша», «Чашм дар чашми оина», «Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ» ашъори насрию назмиии Орзуро ташкил медиҳанд. Доктор Абдулғафури Орзу панҷумин Сафири Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Раиси ҷумҳури ин кишвар таъин шудааст. Қаблан Муҳандис Абдураҳим, Сайидиброҳими Ҳикмат, Муҳаммад Довуди Панҷшерӣ ва Сайидмуҳаммад Хайрхоҳ ба ҳайси сафирони Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудаанд. Бояд зикр кард, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дипломатии ду кишвари ҳамсоя -Тоҷикистону Афғонистон беш аз пеш густариш ёфта, ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ моҳи майи соли 1990 дар Душанбе консулгарии Афғонистон ифтитоҳ гардида буд.








Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






