КОБУЛ ИНТИЗОРИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИК

Август 10, 2010 14:06

Душанбе, 10 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Моҳи апрели соли 2011 дар Кобул ҷаласаи чоруми комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар доираи баргузории ҷаласа анҷумани тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистон ва намоишгоҳи молҳои саноатии корхонаю ширкатҳои Тоҷикистон дар Кобул ташкил карда мешавад. Тибқи иттилои атташеи тиҷоратии Сафорати Афғонистон дар Душанбе Наҷибулло Раҳимӣ,  ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвари дӯсту бародар ва ҳамҷавор –Тоҷикистону Афғонистон беш аз пеш густариш меёбанд. Дар нимсолаи аввали  соли 2010 гардиши мол байни ду кишвар 45 миллион долларро ташкил дод, ки аз он дар ҳаҷми 21 миллион доллар  аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва ба маблағи беш аз 23 миллион доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон молу маҳсулот интиқол дода шудааст. Молу маҳсулот асосан аз маводи хӯрока, алюминий, масолеҳи сохтмонӣ, хусусан семент ва меваҷоту сабзавот иборат аст. Дар тақвияти робитаҳои ҳасанаи иқтисодию тиҷоратии ду кишвари  ҳамсоя пули хусусияти стратегидоштаи Панҷи Поён –Шерхонбандар нақши муассир дорад. Наҷибулло Раҳимӣ афзуд, ки алҳол дар Тоҷикистон 45 ширкати афғонӣ ва дар Афғонистон беш аз 10 корхонаю ширкатҳои тоҷикӣ дар бахшҳои транзит, сохтмон ва хадамоти тавлидӣ фаъолият доранд. Инчунин,  байни ду кишвар ҳафтае се маротиба парвози мустақим  тавассути ширкатҳои ҳавонавардии Афғонистон,  ба мисли «Ком Эйр» ва «Ориёно» сурат мегирад, ки дар тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон нақши муҳим мебозад.13.30.

Август 10, 2010 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст