КОБУЛ ИНТИЗОРИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИК
Душанбе, 10 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Моҳи апрели соли 2011 дар Кобул ҷаласаи чоруми комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар доираи баргузории ҷаласа анҷумани тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистон ва намоишгоҳи молҳои саноатии корхонаю ширкатҳои Тоҷикистон дар Кобул ташкил карда мешавад. Тибқи иттилои атташеи тиҷоратии Сафорати Афғонистон дар Душанбе Наҷибулло Раҳимӣ, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвари дӯсту бародар ва ҳамҷавор –Тоҷикистону Афғонистон беш аз пеш густариш меёбанд. Дар нимсолаи аввали соли 2010 гардиши мол байни ду кишвар 45 миллион долларро ташкил дод, ки аз он дар ҳаҷми 21 миллион доллар аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва ба маблағи беш аз 23 миллион доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон молу маҳсулот интиқол дода шудааст. Молу маҳсулот асосан аз маводи хӯрока, алюминий, масолеҳи сохтмонӣ, хусусан семент ва меваҷоту сабзавот иборат аст. Дар тақвияти робитаҳои ҳасанаи иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамсоя пули хусусияти стратегидоштаи Панҷи Поён –Шерхонбандар нақши муассир дорад. Наҷибулло Раҳимӣ афзуд, ки алҳол дар Тоҷикистон 45 ширкати афғонӣ ва дар Афғонистон беш аз 10 корхонаю ширкатҳои тоҷикӣ дар бахшҳои транзит, сохтмон ва хадамоти тавлидӣ фаъолият доранд. Инчунин, байни ду кишвар ҳафтае се маротиба парвози мустақим тавассути ширкатҳои ҳавонавардии Афғонистон, ба мисли «Ком Эйр» ва «Ориёно» сурат мегирад, ки дар тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон нақши муҳим мебозад.13.30.








Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






