КОРҲОИ БУНЁДКОРӢ ДАР КӮЛОБ

Август 31, 2010 16:47

      Кӯлоб, 31 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Ба ифтихори ҷашни 20 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар шаҳри Кӯлоб корҳои бунёдкорию созандагӣ босуръат идома дорад. Дар доираи ин тадбир бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти шароити хизматрасонӣ дар худуди шаҳру ноҳия як қатор иншооти нави хоҷагии халқ бунёд мегарданд. Бо шарофати Истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаю бунёдкоронаи сарвари давлат дар шаҳри Кӯлоб давоми 19 соли соҳибистиқлолӣ барои пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ корҳои зиёди бунёдкорӣ анҷом дода шуд.      Имсол ба ифтихори ҷашни 19-умин солгарди Истиқлолияти миллӣ аз ҷониби соҳибкорон дар шаҳр боз якчанд иншооти нав пас аз таъмиру азнавсозӣ пурра сохта ба истифода дода шуд.       Мавриди зикр аст, ки дар меҳмонхонаи Кӯлоб пас аз анҷоми корҳои пешбинишуда 20 ҷои нави кории дигар таъсис дода мешавад. Инчунин, аз тарафи соҳибкорон 2 маркази савдои нав низ дар рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор хоҳад гирифт, ки дар онҳо беш аз 500 нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Август 31, 2010 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад