КУМИТАИ АНДОЗ ОГОҲ МЕКУНАД!
Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти ҳамаи супорандагони андоз аз арзиши иловашуда мерасонад, ки ҷиҳати иваз намудани «Сертификат»- и супорандаи андоз аз арзиши иловашуда бо «Шаҳодатнома»- и супорандаи андоз аз арзиши иловашуда азнавбақайдгирии супорандагони андоз аз арзиши иловашуда, ки аз 1 июл оғоз гардида буд, 1 сентябри соли 2010 анҷом меёбад. Ба таваҷҷӯҳи супорандагони андоз аз арзиши иловашуда расонида мешавад, ки дар сурати то 1 сентябри соли 2010 анҷом надодани азнавбақайдгирии супоридани андоз аз арзиши иловашуда, фаъолияти онҳо ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ғайриқонунӣ ҳисоб шуда, дар асоси моддаи 606 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ нисбат ба чунин андозсупоридагон ба андозаи даҳ фоизи маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд барои тамоми давраи фаъолияти беқайд ба буҷет пардохта мешуд, ҷарима баста мешавад. Ҳамчунин, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи соҳибкорони инфиродие , ки тавассути агент дар қаламрави шаҳри Душанбе ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд, ба истиснои бозори «Корвон» мерасонад , ки барои бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкории инфиродӣ, яъне гирифтани патент барои фаъолияти минбаъда аз санаи 16-уми августи соли ҷорӣ ба шӯъбаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ муроҷиат намоянд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






