ЛИТСЕЙИ НАВ ДАР ЗАМИНАИ «САРПАРАСТ»
Душанбе, 26 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили бачаҳои болаёқати пойтахт дар оғози соли нави таҳсили 2010- 2011 дар пойтахт муассисаи таълимии давлатии литсейи № 2 ба фаъолият шурӯъ менамояд. Дар робита ба он Қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба тасвиб расид. Муассисаи мазкур дар асоси Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар заминаи собиқ кӯдакистони № 99 (ҳоло гимназияи хусусии «Сарпараст») таъсис дода мешавад. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар баробари таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои марбутаи муассисаи мазкур дар мувофиқа бо Сарраёсати молияи шаҳр литсейи №2-ро бояд бо мебел, кабинетҳои муосири физика, химия, математика, технологияи информатсионӣ, лингофонӣ ва дигар таҷҳизоти таълимии ҳозиразамон таъмин гардонад. Листейи мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр, ки барои соҳаи маориф пешбинӣ шудаанд, маблағгузорӣ мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






