МАБЛАҒИ ХАРОҶОТИ ҲАҶ АРЗОН ШУД
Дар Тоҷикистон омодагӣ ба маъракаи муҳим, яъне мавсими ҳаҷи фарзӣ оғоз гардид. Масъалаи мазкур дар миёни шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки нияти сафар ба маконҳои муқаддасро доранд, мавриди муҳокима ва таваҷҷӯҳи зиёд қарор дорад. Бо мақсади равшани андохтан ба баъзе аз паҳлӯҳои ин масъала хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон Юсупов Абдуғаффор Ҳақризоевич доир ба омодагиҳо ва ташкили мавсими ҳаҷи фарзии соли 2010 сӯҳбат орост. -Мехостем дар самти фаъолияти кормандони соҳа ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ташкили ҳаҷ чанд cухан гӯед? Кормандони соҳа дар ин самт фаъолияти худро ба ҳайси мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба баргузории барномаи ҳаҷ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №470 аз 02.12.2005 «Дар бораи ба тартиб даровардани гузаронидани ҳаҷ» дар ҳамкории зич бо вазорату идораҳои дахлдор ба роҳ монданд. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин маъракаи муҳим дар назди муовини Сарвазири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарама Қурбонова Руқия Атоевна ҷаласа баргузор мегардад ва дар назди Кумита Ситоди босалоҳияти ҷумҳуриявӣ ташкил карда мешавад. — Шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани маъракаи ҳаҷ кадом чорабиниҳои зарурии қаблиро анҷом додааст? Тибқи талаботи бандҳои 2–юм ва 5–уми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 470 аз 02 декабри соли 2005 Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳарчи хубтар ба тартиб даровардан ва беҳтар гузаронидани маъракаи ҳаҷ корҳои омодагии заруриро анҷом дод. Мувофиқи зербанди якуми банди 2–юми ҳамин қарор Кумита гурӯҳи кориро ба сафари хидматӣ ба Арабистони Саудӣ фиристод, ки ин гурӯҳ бо мақомоти дахлдори Вазорати ҳаҷи он кишвар мулоқот гузаронида, дар масъалаҳои марбут ба ҳаҷ шартномаҳои заруриро ба имзо расонид. Ғайр аз ин, Кумита тибқи супориши Протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари ҳоҷиёнро ба Арабистони Саудӣ тавассути тайёраҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ анҷом медиҳад. Мо дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ин нархнома маблағи умумии хароҷоти ҳаҷро барои ҳар як ҳоҷӣ тартиб додем. Маблағи умумӣ 3191 $–ро ташкил медиҳад. Аз ин: 1400–$ пардохти маблағи чиптаи ҳавопаймо (рафту омад); 275 $–боҷи шоҳӣ (авоид); 1025–$ меҳмонхонаҳо дар Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунаввара; 85–$ қурбонӣ; 180–$ пардохти хӯрока; 5–$ хидмати аввалияи тиббӣ; 92,92–$ хидматҳои Кумитаи дин; 102,35–$–маблағи хидмати роҳбаладон, гурӯҳи корӣ ва хароҷоти ҳайати табибон ва 25, 73 -$ барои нақлиёти хидматрасон, муаррифинома (беҷик), камзӯлча, дастурамали «Роҳнамои ҳаҷ ва умра», стекерҳо ва плакатҳои ранга муайян карда шуд. Ба ин маблағ шиносномаи хориҷӣ дохил намешавад. Аз маблағи умумии зикршудаи хароҷоти сафари ҳаҷ маълум мегардад, ки он имсол нисбатан поён рафтааст. Сабаби асосии он дар чист? Дар ҳақикат ин маблағ нисбат ба соли гузашта поён рафтааст. Метавон қайд намуд, ки фарқ байни маблағи соли гузашта аз имсол 151 доллари амрикоӣ мебошад. Имсол бо дастгирии бевоситаи Ҷаноби Олӣ тайёраҳои ширкатҳои ватанӣ ба ҳоҷиён хизмат хоҳанд расонд ва он ба пастравии маблағи умумии ҳаҷи фарзии соли 2010 сабаб шуд. Масъалаи қурбонӣ имсол ба ӯҳдаи кӣ вогузор карда шудааст ва маблағи он чӣ қадар мебошад? Оид ба ин масъала бояд қайд кард, ки маблағи қурбонӣ 85 $- ро ташкил намуда, он ба харҷнома дохил шудааст ва қурбонӣ аз тариқи Бонки Аҳлӣ ба воситаи ширкати хизматрасон сурат мегирад. Тартиби қабули ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон ва хароҷоти маблағҳои ҳаҷ чӣ гуна аст? Қабули ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон тибқи барномаи махсуси корӣ ба роҳ монда шуда, пардохти маблағ танҳо дар нуқтаҳо ва мӯҳлатҳои муайяншуда анҷом дода мешавад. Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо ва маблағи умумии хароҷоти ҳаҷ дар шакли ниҳоӣ аз 11 то 31 августи соли равон дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян гардидааст. Мақомоти зикршудаи ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар ин маврид бо иштироки кормандони шӯъба ё бахши дини шаҳр ё ноҳия, ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ Комиссияи махсус (бо роҳбарии Раис ё муовини соҳавии Раис) таъсис медиҳанд ва қабули ҳуҷҷатҳоро ба роҳ монда то мӯҳлати муайяншуда рӯйхати умумии ҳаҷравандагонро омода месозанд ва ба шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин месупоранд. Комиссияҳо бояд ба беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо супориш диҳанд, ки ҳаҷравандагонро аз муоинаи хуби тиббӣ ва ваксинатсия гузаронида, ба онҳо ҳуҷҷати лозимиро (справка) ба забони англисӣ бо мақсади пешниҳод ба Кумита диҳанд. Намунаи бланкаҳои тиббӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи дин пешниҳод мегарданд.. Ҳамзамон хотиррасон менамоем, ки шӯъбаҳои дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ ва шаҳраки Рашт фаъолиятдоштаи «Амонатбонк» дар мавриди қабули маблағҳои ҳаҷравандагон омодагӣ гирифтаанд. Тамоми маблағҳои ба суратҳисоби Кумита супоридашуда мақсаднок истифода бурда мешаванд. Мӯҳлати ниҳоии қабули пардохтҳо то 10 сентябри соли 2010 муқаррар гардидааст. Вазифаи асосии комиссияҳои дар назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкилёфта аз чӣ иборат аст? Бояд тазаккур дод, ки дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ комиссияҳои махсус ташкил ёфта, амал менамоянд, ки ба ҳайати он кормандони шӯъбаҳо ё бахшҳои оид ба корҳои дин, ҳифзи ҳуқуқ ва тандурустӣ шомил мебошанд. Ин комиссияҳо дар мӯҳлатҳои муайяншуда амал намуда, вазифаи онҳо аз қабули ҳуҷҷатҳо, тартиб додани рӯйхати умумии ҳаҷравандагон, пешниҳод намудани онҳо ба Шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати дуруст ва роҳ надодан ба сарсониҳо барои супоридани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон иборат мебошад. Оё дар Шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумита ҳуҷҷатсупорӣ ба роҳ монда шудааст? Не, тибқи тартиботи муқарраргардида ва квотаи тақсимшуда ҳаҷравандагон ҳуҷҷатҳои лозимаро барои ҳаҷ бояд дар маҳалҳои зист ба комиссияҳои махсуси қабули ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон барои ҳаҷ дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супоранд. Оё Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба адои маносики ҳаҷ ба нақша гирифтаанд? Бале. Чи тавре, ки дар банди 7-уми «Дастурамали тартиби сафари дастаҷамъии шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра» зикр шудааст: -дар масҷидҳои ҷомеи қаламрави мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҳаҷравандагон давраҳои омӯзишӣ ташкил карда, дар онҳо риоя кардани қоидаҳо, тарзи иҷро намудани маносики ҳаҷ ва умра, одобу рафтор ва дигар амалҳои зарурӣ дар мавсими ҳаҷ омӯзонида мешавад. Дар маъракаи ҳаҷи имсола оё ягон хел тағйирот ё маҳдудиятҳо ҷой доранд? Дар масъалаи теъдоди ҳаҷравандагон ягон хел тағйирот вуҷуд надорад. Бо назардошти теъдоди аҳолӣ барои шаҳру ноҳияҳо квота муайян шудааст. Шаҳрвандон озодона метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба ҷойҳои муайяншуда супоранд. Агар ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо монеаҳо ва ё маҳдудиятҳои сунъӣ эҷод карда шаванд, ҳаҷраванда метавонад бевосита ба шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷ муроҷиат намояд. Шикоятҳо омӯхта ва баррасӣ гардида, ба шаҳрвандон посух дода мешавад. Вале дар баъзе масъалаҳои дигар маҳдудиятҳои ҷузъӣ ҳастанд: а) мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд аз 11 август то 31 август ба охир расонида шавад. Баррасии ҳуҷҷатҳо ва таҳияи рӯйхати ниҳоии ҳаҷравандагон аз ҷониби мақомоти мазкур бояд то 31 август анҷом пазиранд. Зеро то рӯзи 10 сентябр Кумита бояд дақиқ донад, ки дар маҷмӯъ чӣ қадар ҳаҷраванда ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод кардааст. Кумита бояд теъдоди ниҳоии ҳаҷравандагонро то 10 сентябр ба Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ хабар диҳад. Бо гузашти ин мӯҳлат ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон қабул намегарданд. Б) маҳдудият аз рӯи синну сол: яъне тибқи «Дастурамали тартиби сафари дастаҷамъии шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра» танҳо шаҳрвандони аз 18 сола то 80 сола барои сафари ҳаҷ иҷозат дода мешаванд. В) Тибқи супориши Раиси Кумита дар дафтари қайди ҳаҷравандагон сутуни иловагӣ «Манбаи даромад» дохил карда шуд. Масъулони бахши дини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд қатъӣ бо ҳар ҳаҷраванда сӯҳбат гузаронанд ва маънои ояти дар сураи “Оли Имрон”-и Қуръони Шарифро «Ҳаҷҷи Хонаи Худо бар касе воҷиб аст, ки тавоноии рафтан ба сӯи онро дорад») фаҳмонида диҳанд. Яъне шахсоне ба ҳаҷ мераванд, ки аз ягон тараф камбудӣ надошта бошанд. Баъзе нафарон хонаҳояшонро фурӯхта фарзандон ва набераҳояшонро бе ҷои истиқомат монда ба ҳаҷ мераванд, ки ин хилофи дини ислом аст. — Оё имсол ҳам сафари ҳоҷиён ба Арабистони Саудӣ бо роҳи ҳавоии Душанбе (Хуҷанд)–Ҷидда анҷом мегирад? Оё дигар роҳҳои сафар имконнопазир аст? Мувофиқи Шартномаи байни Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ парвози ҳоҷиён танҳо бо роҳи ҳавоӣ ба мақсад мувофиқ дониста шудааст. Роҳи ҳавоии хатсайри Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд хеле муносиб аст. Бо роҳи хушкӣ ба ҳаҷ рафтан манъ аст. — Оид ба пайдо намудани маълумоти муфассал дар бораи ташкили ҳаҷ шаҳрвандон метавонанд ба куҷо муроҷиат намоянд? Шаҳрвандон метавонанд оид ба пайдо намудани маълумоти муфассал ва ҳалли душвориҳои ба миён омада бо телефонҳои Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: 221-53-34 227–46-84; 221–81–83 тамос гиранд. Мусоҳиб Дилшодаи Ҷонмард