ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 05.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 63-и деҳаи Роҷи Ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент майдончаи варзишии замонавӣ ба истифода дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.
Варзишгоҳ бо саҳми соҳибкорон, сокинони деҳа ва дастпарварони мактаб бунёд шуда, минбаъд машғулияти дарси тарбияи ҷисмонӣ, мусобиқаҳои варзишӣ дар таълимгоҳ ва байни ҷавонони деҳа дар ин ҷо баргузор карда мешаванд.
Зимни ифтитоҳи варзишгоҳ ба наврасон- дӯстдорони варзиш тӯби футбол ҳадя карда шуд.
Ин иншооти варзишӣ яке аз 15 майдончаи варзишӣ аст, ки соли равон дар шаҳр ба истифода дода шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






