МАКТАБҲОИ РОҒУН БО СӮЗИШВОРӢ ТАЪМИНАНД

Август 25, 2010 15:56

Роғун, 25 август.(АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).-  Дар шаҳри Роғун  ба пешрафти  таълиму тарбияи  насли наврас дар  соли нави хониш  диққати зарурӣ медиҳанд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири маорифи шаҳр  Табаралӣ Раҷабов гуфт,  бо мақсади таъмиру  тармими мактабҳо  аз буҷаи маҳаллӣ  491 004   сомонӣ, барои  хариди сӯзишворӣ  барои зимистонгузаронӣ  303 000   сомонӣ ва барои  хариди таҷҳизоти  наву замонавӣ  315 745  сомонӣ ҷудо гардид.  Айни замон  дар ҳамаи мактабҳо   корҳои омодагӣ,  аз қабили шишабандӣ,  таъмиру тармими  бомҳо,  биноҳои таълимию  ёрирасон, ороиши синфхонаҳо,  кабинетҳои фаннӣ  ва утоқҳои корӣ  дар арафаи  анҷомёбианд. То имрӯз аз ҷониби  роҳбарони мактабҳои  шаҳр 762,5 тонна ангишт  ва 146м. кубӣ  ҳезум барои  зимистони дарпешистода захира  шудааст. Табаралӣ Раҷабов  афзуд, ки  соли ҷорӣ дар  назди мактабҳои  таҳсилоти  ҳамагонии рақами 1 се синфхонаи  иловагӣ,  рақами 30 чор синфхонаи иловагӣ,  рақами 7 ду  синфхонаи иловагӣ  ва толори маҷлисгоҳ  сохта ба истифода дода шуд, ки  толибилмон  дар соли нави  хониш аз он  истифода мебаранд.              

Август 25, 2010 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад