МАКТАБИ ТОБИСТОНАИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ ШАРҚШИНОСИ ИДМ

Август 13, 2010 16:09

Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Аз 16  то 26 августи соли равон дар шаҳри Душанбе Мактаби тобистонаи шарқшиносони ҷавони давлатҳои  ИДМ таҳти унвони  «Ситезаҷӯиҳои глобалӣ ва посухҳои пешгиркунанда» машварат баргузор менамояд.  Барномаи илмии мактаби тобистона гузоришҳо ва курсҳои махсусро доир ба масъалаҳои муҳимтарини таърих, дин, фарҳанг ва санъат, дастнависҳо ва анъанаҳои китобати онҳоро дар бораи Осиёи Марказӣ дар бар мегирад. Барномаи мактаби мазкур барои 7-рӯзи корӣ пешбинӣ шудааст ва 7 қисмати асосӣ — сиёсат, иқтисодиёт, тадриси илмҳои шарқшиносӣ, санъат ва осорхонаҳо, дин, дастхат ва анъанаҳои китобати онҳо ва адабиётро дар бар мегирад. Масъулони асосии баргузор намудани ин чорабинӣ Инсититути шарқшиносии  Академияи илмҳои Федератсияи Руссия ва Пажӯҳишгоҳи  шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ мебошанд.  Пешниҳоди баргузор намудани ин чорабиниро дар ҷараёни симпозиуми байналмиллалӣ бахшида ба соли бузургдошти Имом Абуҳанифа моҳи октябри соли 2009  директори Инсититути шарқшиносии  Академияи илмҳои Федератсияи Руссия В.В. Наумкин ба миён  гузошта буд. Баргузор шудани ин чорабинӣ эътирофи илми шарқшиносии тоҷик аст. Аҳамияти чорабинӣ вусъат бахшидани ҳамкории насли ҷавони олимону муҳаққиқон ва аз худ намудани таҷрибаи наслҳои калонсоли илмӣ мебошад. Мизбонони чорабинӣ Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди илмӣ-ташкилӣ доир намудани ин мактаби илмӣ тамоми чораҳои заруриро анҷом медиҳанд.     .

Август 13, 2010 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад