МАРГИ ЯК ЗАН БАР АСАРИ СЕЛ

Август 26, 2010 14:09

Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Шаби 23 ба 24-уми август бар асари боридани борони зиёду жолаҳои пуршиддат ва омадани сел ба хоҷагии халқи минтақаҳои Рашту Айнӣ хисороти зиёди моливу ҷонӣ ворид гардид. Худи ҳамон рӯз дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд бар асари боронҳои пай дар пай ва омадани сел як нафар зани солхӯрда, соли таваллудаш 1930 ба ҳалокат расид. Офати табиӣ дар минтақаи Айнӣ 5 хонаи истиқоматиро ба пуррагӣ, 25 хоҷагии ёрирасонро қисман, 3 км роҳи мошингард ва 4 кӯпрук, дар навоҳии Рашт бошад, роҳҳои автомобилгард, 1 кӯпрук ва 1 хонаи истиқоматиро хароб кард.             Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, айни ҳол дар ҷойи ҳодиса комиссия оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ кор бурда истодааст.              

Август 26, 2010 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд