МАРЗИ ӮЗБЕКИСТОН БО ТОҶИКИСТОН БОЗ ШУД

Август 17, 2010 15:32

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаштани сарҳадро барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳудуди Ӯзбекистон иҷозат дод. Ин маҳдудкунӣ бар асари хурӯҷ кардани бемории фалаҷ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ шуда буд. Роҳбари департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Давлат Назрӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки 13 августи соли ҷорӣ ба нишонии ВКХ ҶТ мактуби ҷавобӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон расид. Дар он омадааст, ки «бо сабаби мӯътадил гардидани вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон ҷониби Ӯзбекистон қарор дод, ки маҳдудкунии воридшавии шаҳрвандони то синни 15 солаи Тоҷикистонро ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки пештар манъ намуда буд, бекор намояд. Ҳамзамон вуруди шаҳрвандони 15 солаи Ӯзбекистонро бе доштани шаҳодатномаи тиббии нишондиҳандаи эми зидди бемории фалаҷ иҷозат дод». Ёдовар мешавем, ки 13 майи соли ҷорӣ Сафорати Ӯзбекистон ба ВКХ ҶТ мактуб дар бораи маҳдудкунии муваққатии вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба марзи Ӯзбекистонро супорида буд.  

Август 17, 2010 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад