МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ МАЛАХ ИДОМА ДОРАД

Август 10, 2010 15:00

Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрўзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррарсон идома дорад.   Мувофиқи маълумоти ҷамъбастии Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» то имрӯз   паҳншавии малах дар ҷумҳурӣ  масоҳати   103570  гектарро ташкил медиҳад, ки дар  майдони 79696 гектар  коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст.  Айни замон дар маъракаи мубориза бар зидди малах зиёда аз 710 нафар коргар  иштирок намуда, 18 адад трактори дорупошии ОВХ ва 574 адад дорупошакҳои махсуси дастӣ истифода шудаанд.  Дар ноҳияҳои тобеи марказ майдони паҳнгаштаи малах 28200 гектарро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои Турсунзода  дар 9 ҳазор гектар, Рўдакӣ 7 ҳазор гектар ва Ҳисор дар 6 ҳазор гектар малах мушоҳида мешавад. То имрўз дар масоҳати 12585 гектар замин коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст.  2 адад трактори дорупошӣ, 115 адад дорупошакҳои дастӣ ва 115 нафар коргар  ба  ин маърака ҷалб  шудаанд.  Майдони паҳншавии умумии малахҳо дар вилояти Хатлон то имрўз дар майдони 47900 гектар  ба қайд гирифта шуда, дар масоҳати 45950 гектар  бо истифодаи 13 адад трактори дорупошӣ (ОВХ) ва дастгоҳи аэрозолӣ, 265 адад дорупошакҳои дастӣ ва бо иштироки 400 нафар коргар  коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Дар вилояти Суғд малахҳо дар масоҳати 26170 гектар замин паҳн гашта, бештар дар ноҳияҳои Б. Ғафуров, Мастчоҳ  ва Зафаробод дар масоҳати мутаносибан 5750 га, 4230 га ва 3700 гектар  замин мушоҳида мешаванд.         Дар натиҷаи сари вақт андешидани чораҳои фаврӣ пеши роҳи зарароварии малах ба зироатҳои кишоварзӣ гирифта мешавад ва ҳазорҳо гектар заминҳои  кишоварзӣ, боғу токзор  аз зарари он эмин мемонанд.     

Август 10, 2010 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад