МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ МАЛАХ ИДОМА ДОРАД
Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрўзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррарсон идома дорад. Мувофиқи маълумоти ҷамъбастии Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» то имрӯз паҳншавии малах дар ҷумҳурӣ масоҳати 103570 гектарро ташкил медиҳад, ки дар майдони 79696 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Айни замон дар маъракаи мубориза бар зидди малах зиёда аз 710 нафар коргар иштирок намуда, 18 адад трактори дорупошии ОВХ ва 574 адад дорупошакҳои махсуси дастӣ истифода шудаанд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ майдони паҳнгаштаи малах 28200 гектарро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои Турсунзода дар 9 ҳазор гектар, Рўдакӣ 7 ҳазор гектар ва Ҳисор дар 6 ҳазор гектар малах мушоҳида мешавад. То имрўз дар масоҳати 12585 гектар замин коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. 2 адад трактори дорупошӣ, 115 адад дорупошакҳои дастӣ ва 115 нафар коргар ба ин маърака ҷалб шудаанд. Майдони паҳншавии умумии малахҳо дар вилояти Хатлон то имрўз дар майдони 47900 гектар ба қайд гирифта шуда, дар масоҳати 45950 гектар бо истифодаи 13 адад трактори дорупошӣ (ОВХ) ва дастгоҳи аэрозолӣ, 265 адад дорупошакҳои дастӣ ва бо иштироки 400 нафар коргар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Дар вилояти Суғд малахҳо дар масоҳати 26170 гектар замин паҳн гашта, бештар дар ноҳияҳои Б. Ғафуров, Мастчоҳ ва Зафаробод дар масоҳати мутаносибан 5750 га, 4230 га ва 3700 гектар замин мушоҳида мешаванд. Дар натиҷаи сари вақт андешидани чораҳои фаврӣ пеши роҳи зарароварии малах ба зироатҳои кишоварзӣ гирифта мешавад ва ҳазорҳо гектар заминҳои кишоварзӣ, боғу токзор аз зарари он эмин мемонанд.








Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






