МУБОРИЗАИ ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ НАШЪАМАНДӢ

Август 14, 2010 06:09

      Бадахшон, 13 август. (АМИТ «Ховар», Л Додо).- Кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ дар ВМКБ баҳри тарғиби зарари маводи нашъаовар ва бо мақсади кам гардидани теъдоди нашъамандон бо ҷавонон пайваста вохӯриву сӯҳбат доир менамоянд.      Дирӯз чунин сӯҳбат дар урдӯгоҳи «Шабдез»-и ноҳияи Роштқалъа барпо гардид. Кормандони Агентӣ иттилоъ доданд, ки дар давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ даҳ ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир пешгирӣ гардида, 25 кг нашъа мусодира карда шуд.       Дар вохӯрӣ ҳамчунин зикр гардид, ки ба ин бемории марговар асосан ҷавонони сустиродаи камтарбия гирифтор мегарданд. Намояндагони раёсати Агентӣ ҷавонони солимфикрро даъват намуданд, ки дар мубориза алайҳи вабои қарн- нашъамандӣ фаъолона иштирок намоянд.     

Август 14, 2010 06:09

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад