МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО САФИРИ НАВИ АФҒОНИСТОН
Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сафири нави фавқулодда ва мухтори Давлати Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғафур Орзу Ахтармуҳаммадро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сафири Афғонистон Абдуғафур Орзу Ахтармуҳаммад нусхаи эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ супурд. Тибқи иттилои манбаъ баъди маросими супоридани нусхаи эътимоднома мулоқоти сафир бо вазир баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои дуҷониба ва муносибатҳои байни кишварҳо баррасӣ шуданд








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






