МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ФАН СЯНЖУН
13 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжун эътимоднома қабул кард. Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Фан Сянжун, ки баъди анҷоми маросими эътимодномасупорӣ доир гардид вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба марҳилаи сифатан нав ва умедбахш расида соҳаҳои бештареро фаро мегиранд. Зимни мулоқот аз татбиқи лоиҳаҳои муштараки байнидавлатӣ дар соҳаҳои энергетика ва роҳу нақлиёт изҳори қаноатмандӣ гардида татбиқи саривақтии лоиҳаҳои нави ҳамкориҳо дар ин ва дигар соҳаҳо зарур шуморида шуд. Дар вохўрӣ масоили дигари ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин аз ҷумла ҳамоҳангсозии талошҳои дуҷониба дар роҳи мубориза бар зидди терроризм,экстремизм ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






