МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО МАКОТО ОҶИРО

Август 17, 2010 13:09

17 августи соли 2010 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Макото Оҷироро бо сабаби анҷом ёфтани мўҳлати фаъолияташ дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт. Зимни сўҳбат аз ҳамкории босамари Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд, ки аз соли 1998 инҷониб оғоз ёфтааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Зикр гардид, ки тайи 12 соли ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки осиёии рушд  барои татбиқи лоиҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва роҳсозӣ беш аз 500 миллион доллари амрикоӣ дар шакли грант, кўмакҳои техникӣ ва қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст. Танҳо аз соли 2007 ин ҷониб, яъне дар давраи кори Макото Оҷиро дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 240 миллион доллари амрикоӣ грантҳо ҷудо шудаанд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки моҳи майи соли равон барномаи нави ҳамкории Тоҷикистону Бонки осиёии рушд  барои 5 соли оянда ба имзо расид, ки дар се соли аввали татбиқи он ҷудо намудани 252 миллион доллари амрикоӣ грант дар назар аст. Ин маблағҳо ба беҳтар намудани шабакаҳои роҳу нақлиёт, амнияти энергетикӣ, рушди бахши хусусӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ равона мегарданд. Аз ҳамин ҳисоб ҳамчунин сохтмони хатти 220-киловолтаи интиқоли нерўи барқи Тоҷикистон – Афғонистон ва сохтмону таҷдиди ду хатти дохилии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад. Бо вуҷуди ин таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ ҳанўз зиёданд. Макото Оҷиро изҳор дошт, ки «бо назардошти рушди имрўзаи  иҷтимоию иқтисодии кишвар Бонки осиёии рушд акнун аз расондани кўмакҳо ба шарикии мутақобилан судманд бо Тоҷикистон мегузарад».  Зимни сўҳбати пурмўҳтаво ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Август 17, 2010 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад