МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО МАКОТО ОҶИРО
17 августи соли 2010 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Макото Оҷироро бо сабаби анҷом ёфтани мўҳлати фаъолияташ дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт. Зимни сўҳбат аз ҳамкории босамари Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд, ки аз соли 1998 инҷониб оғоз ёфтааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Зикр гардид, ки тайи 12 соли ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки осиёии рушд барои татбиқи лоиҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва роҳсозӣ беш аз 500 миллион доллари амрикоӣ дар шакли грант, кўмакҳои техникӣ ва қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст. Танҳо аз соли 2007 ин ҷониб, яъне дар давраи кори Макото Оҷиро дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 240 миллион доллари амрикоӣ грантҳо ҷудо шудаанд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки моҳи майи соли равон барномаи нави ҳамкории Тоҷикистону Бонки осиёии рушд барои 5 соли оянда ба имзо расид, ки дар се соли аввали татбиқи он ҷудо намудани 252 миллион доллари амрикоӣ грант дар назар аст. Ин маблағҳо ба беҳтар намудани шабакаҳои роҳу нақлиёт, амнияти энергетикӣ, рушди бахши хусусӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ равона мегарданд. Аз ҳамин ҳисоб ҳамчунин сохтмони хатти 220-киловолтаи интиқоли нерўи барқи Тоҷикистон – Афғонистон ва сохтмону таҷдиди ду хатти дохилии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад. Бо вуҷуди ин таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ ҳанўз зиёданд. Макото Оҷиро изҳор дошт, ки «бо назардошти рушди имрўзаи иҷтимоию иқтисодии кишвар Бонки осиёии рушд акнун аз расондани кўмакҳо ба шарикии мутақобилан судманд бо Тоҷикистон мегузарад». Зимни сўҳбати пурмўҳтаво ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






