МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ОСИФ АЛӢ ЗАРДОРӢ
18 августи соли 2010 дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуда, масоили кунунии ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишварро баррасӣ намуд. Дар оғози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба Осиф Алӣ Зардорӣ барои оқибатҳои вазнини офатҳои табиӣ дар баъзе манотиқи Покистон ва талафоти зиёди ҷонӣ изҳори ҳамдардию тасаллият намуд. Аз пайвастагии робитаҳои сатҳи олӣ ва дигар сатҳу зинаҳои миёни сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Покистон, ки тайи як соли ахир ба назар мерасад ва аз тасмимоти зиёд оид ба таҳким ва густариши муносибатҳои дўстона ва ҳамкории мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Фаъолтар намудани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва таҳти назари дақиқ гирифтани рафти иҷрои санадҳои дуҷонибаи имзошуда зарур шумурда шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки «бояд Барномаи мушаххаси дарозмуддати ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, илму техника ва фарҳанг таҳия карда шуда, созишномаи нави тиҷоратӣ ба имзо расонда шавад». Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки айни ҳол ҳамарўза аз тариқи Шерхон Бандар ва Панҷи Поён беш аз 3 ҳазор тонна борҳои покистонӣ ба Тоҷикистон ворид мешаванд ва таъкид карда шуд, ки барои густариши робитаҳои иқтисодӣ тиҷоратӣ имкону захираҳои зиёди мавҷуда бояд хуб истифода шаванд. ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба пайвастани роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерўи барқи ду кишвар аз тариқи қаламрави Афғонистон ва ба бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон таъкид намуда, изҳор доштанд, ки баҳри тезондани татбиқи нақшаҳои имрўзаю оянда дар ин самт ҷаҳду талош мекунанд. Дар мулоқот ҳамчунин масоили вобаста ба муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугўйи судманд сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






