МУЛОҚОТИ М. АСРОРӢ БО Ф. СЯНЖУН

Август 26, 2010 16:26

Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард)- Имрӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ бо Сафири нави Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон Фан Сянжун вохӯрӣ намуд. Зимни мулоқот Мирзошоҳрух Асрорӣ Фан Сянжунро барои таъин гардиданаш ба ин вазифаи пурмасъулият табрик намуда, ба ӯ дар бораи вазъи фарҳанги тоҷик маълумоти мухтасар дод. Аз ҷумла, ӯ аз сохтмонҳои Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки аз ҷониби сохтмончиёни Хитой бунёд мегарданд, ёдрас шуда, онро яке аз самтҳои муҳими ҳамкории ду кишвари ҳамсоя унвон кард. Дар навбати худ сафири ҶХХ Фан Сянжун иброз дошт, ки аз ҷониби Созмони милали муттаҳид эълон гардидани иди Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ ва ба феҳрасти ЮНЕСКО дохил шудани ёдгории таърихии Саразм рӯйдодҳои бузург мебошанд. Ҳамчунин аз ҳамкориҳои зичи ҳарду кишвар Сафири Хитой ёдрас шуда, иброз дошт, ки Хитой Тоҷикистонро ҳамчун шарики стратегии баробарҳуқуқ дониста, дар ҳама соҳаҳо ҳамкориашро ба роҳ мондааст. «Тоҷикистону Хитой дорои таърихи қадима мебошанд, ки мо ҳамкории фарҳангиро дар ин самт аз ҳама афзалиятнок мешуморем»,-қайд кард Фан Сянжун Дар охир Вазири фарҳанг зикр намуд, ки иштироки намояндагони тоҷик дар маросими баргузории Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии ЭКСПО-2010 аз 20 то 24-уми сентябри соли ҷорӣ, ки дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор мегардад, гувоҳи ҳамкориҳои пурсамари кишварҳои дунё дар самти фарҳанг мебошад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Август 26, 2010 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест